Семинари илмӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд
Санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Суғд семинари навбатии илмӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020–2040» ва татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои солҳои 2021–2030» баргузор гардид. Дар семинар ҳамаи кормандони Филиали Агентӣ иштирок намуданд.
Дар семинар муовини директори Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд, д.и.т., профессор Назаров Холмурод Марипович оид ба мавзӯи «Тарз ва услуби навиштани рисолаи хатм ва мақолаҳои илмӣ» бо презентатсияи пурмазмун баромад намуд.
Мавсуф қайд кард, ки ҳангоми навиштани мақолаи илмӣ бояд ба талаботҳо ва қоидаҳои аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намуда, мақола бояд мубрамияти замони имрӯзаро фаро гирифта, аз муқаддима, тавсифи умумии таҳқиқот, қисмҳои асосии таҳқиқот, хулоса ва тавсияҳо ва рӯйхати адабиёт, яъне маъхазҳоро дарбар гирад. Ҳар як рисола ва мақолаи илмӣ бояд аз санҷиши «Антиплагиат» гузарад ва фоизи муқарраршуда барои илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ-техникӣ мувофиқ бошад.
Инчунин Назаров Х.М. оид ба риояи талаботҳои нави махсуси ҳар як нашриёт ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханронӣ намуд. Семинари мазкур дар сатҳи баланди илмӣ ва иштироки фаъолонаи кормандон сурат гирифт.
Ҳадафи асосии ташкили чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии олимони ҷавон, ҷалби онҳо ба фанҳои дақиқ ва бо сатҳи баланд навиштани мақолаҳои илмӣ мебошад (аксҳо дар замима).